Дар бораи мо

Мо кӣ ҳастем

Psiphon Inc. ширкати ҷойгир дар Toronto мебошад, ки нармафзори бисёрплатформагиеро, ки ба зиёда аз 3 миллион нафар ҳар ҳафта барои ба муҳтавои интернет пайвастан кумак мерасонад, истеҳсол мекунад. Мақсади дастаи мо пешниҳод кардани нармафзори беҳтарин буда, мунтазам маҳсулоти нав ворид мекунем ва кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки фаъолияти худро мувофиқи талаботи шумораи доимо зиёдшавандаи муштариёни худ такмил диҳем.

Роҳбарияти ширкат

Майкл Ҳалл диркетори ширкати Psiphon Inc. мебошад. Ӯ дар Psiphon, ки ҳамчун лоиҳае дар Лабораторияи шаҳрвандии Донишгоҳи Торонто оғоз ёфт, аз аввал кор мекунад. Аз он замон, ӯ роҳбари таҳияи нармафзор шуда кор мекунад ва саҳмгузори асосии навовариҳое мебошад, ки Psiphon-ро миёни хидматҳои шабеҳ беҳтарин мекунанд.

Таҳияи нармафзор

Дар Psiphon, мо мехоҳем, ки корбарони мо аз истифодаи маҳсулоти мо қонеъ бошад. Ин маъное дорад, ки нармафзори мо бояд барои истифода осон бошад, шабакаи мо бояд зуд бошад ва ҳар дуи онҳо бояд ба мисли куҳ устувор бошанд. Ин дастовард барои ҳама таҳиягарон душвор аст, аммо агар нармафзор бояд дар муҳити доимо тағйирёбанда ва бо шумораи зиёди забонҳо ва платформаҳо кор кунад, масъала боз ҳам душвортар мешавад.

Мо инчунин медонем, ки меҳнати вазнини “паси парда” ҳамчунин бисёр муҳим аст. Мо корбарони худро ва иттилооти онҳоро ба таври ҷиддӣ муҳофизат мекунем. Чораҳое, ки барои таъмини махфият ва амният дида мешаванд, метавонанд барои корбарон ноаён бошанд, аммо мо боварӣ дорем, ки онҳо қадри ин чораҳоро медонанд.

Дастаи таҳиягарони нармафзори Psiphon кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки нармафзори каноргузарии мамониатҳои мо беҳтарин, зудтарин, осонтарин ва кушодтарин бошад. Мо инчунин соҳаҳои навро аз худ мекунем, ки дар онҳо таҷрибаи мо метавонад оромии корбарони тамоми дунёро муҳофизат кунад, пурзӯр кунад ва озод кунад.

Амалиёт ва фарогирӣ

Мо бо як қатор ширкатҳо, аз ширкатҳои байналмиллалии пахш то ташкилотҳои хурди ҳифзи ҳуқуқи инсон дар кишварҳои алоҳида, шартнома бастаем. Дастаи амалиёт ва фарогирии мо ҳисоботҳое тартиб медиҳад, ки ба шарикон барои муайян кардани шумораи корбарони Psiphon-ро тавассути усулҳои паҳнкунии онҳо дастрас мекардаро кумак мерасонанд. Онҳо инчунин тамоюлҳо ва рӯйдодҳои ояндаро назорат мекунанд, ки метавонанд ба ҳаракати озоди маълумот дар интернет таъсир расонанд.

Ҳамкориҳо

Psiphon works closely with various groups to provide support and advice to people using Psiphon wherever they are. We have translations for our software in dozens of languages, and are adding more to our products through Transifex, with the help of the Localization Lab.

Тамос бо мо

Шумо метавонед ба ин суроға мактуби электронӣ фиристода, бо Psiphon дар тамос шавед:

[email protected]

Дар бораи Psiphon маълумоти навтаринро дарёфт кунед

Ба рӯйхатҳои обуначиёни мо ҳамроҳ шавед: